25 Май 2025 - 23:14
Source: Parstoday
Афзоиши се баробарии содироти маҳсулоти дифоии Эрон ва худкафоӣ дар тавсеаи саноати низомии дарёӣ

Фармондеҳи ҳавонирузи артиши Эрон гуфт: Дар рӯзҳои оянда, рӯнамоии бисёр арзишманде аз дастовардҳои ҳавонирузро хоҳем дошт.

Ба гузориши Порс Тудей, амир сартипи дувум Қосими Хомӯшӣ, фармондеҳи ҳавонирузи артиши Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи ҳамоиши нақшу амалкарди ҳавонируз дар амалиёти Байталмуқаддас ва озодии Хуррамшаҳр бо эъломи инки дар рӯзҳои оянда, рӯнамоии бисёр арзишманде аз дастовардҳои ҳавонирузро хоҳем дошт, гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои золимонае, ки дар солҳои ахир бо он мувоҷеҳ будаем, зарурӣ буд, ки қатаъоти масрафии болгардҳо сохта шавад ва бо тавонмандӣ ва истифода аз ҷавонони донишбунён имрӯз ин иттифоқ афтодааст. Амир Хомӯшӣ афзуд, ҳавонируз илова бар талошҳои бисёр дар нигаҳдорӣ, таъмиру омодасозии болгардҳо дар тамомии абъод низ дастовардҳои қобили тақдире доштааст.

Афзоиши се баробарии содироти маҳсулоти дифоии Эрон

Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон низ дар ҳамон рӯз бо баёни инки санъати дифоии мо дар давраи шаҳид Раисӣ рушди чашмгирӣ дошт, гуфт, дар давраи се сола ин бузургвор содироти саноати дифоии мо се баробар шуд. Сарлашкар Боқирӣ дар идома тасреҳ кард: Эрони исломӣ бо истодагӣ бар масири ҳақ ва бо муқобилаи асосӣ ва мудовим бо истикбори ҷаҳонӣ ба иборате беш аз бақия бо таҳдид, монеъ, таҳрим, таҳрик ва фишорҳои гуногӯн мувоҷеҳ буда ва ҳаст ва то ҳангоме, ки бар ин машй устувор аст бо чунин таҳдидҳое низ мувоҷеҳ хоҳад буд. Вай хотирнишон кард, шояд бисёре аз масъулиятҳо ва иқдомотро битавон ба бахши хусӯсӣ ва мардум ва дигарон вогузор кард, аммо дифо ва амният ҷузви бахшҳое аст, ки ҳокимият бояд онро бар ӯҳда бигирад ва дунбол кунад.

Худкафоии Эрон дар тавсеаи саноати низомии дарёӣ

Амир сартип халабон Насирзода, вазири дифои Эрон ҳам рӯзи гузашта бо ишора ба илҳоқи 13 шиновари ҷадид ба новгони созмони банодир ва дарёнавардӣ гуфт: Тавсеаи саноати дарёӣ дар шаҳри Хуррамшаҳр дар дастур кор аст ва метавонад заминасози иштиғолзоии ҷавонони минтақа шавад. Вай ҳамчунин аз оғози сохти 9 фарванди шиновари ҷадид хабар дод ва тасреҳ кард: Ин шиноварҳо дар камтарин замони мумкин сохта ва таҳвил хоҳанд шуд. Вазири дифои Эрон дар поён бо ишора ба дастовардҳои бумисозӣ дар саноати дарёӣ гуфт: Имрӯз мо аз зери сатҳ то болои сатҳ, ба худкафоии комил расидаем ва ин дастоварди муҳимме барои кишвар аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha